- хоб
- I[خواب]1. ҳолати осоиш ва оромии бадан, ки бо фосилаҳои маълум рӯй медиҳад ва дар аснои он фаъолияти шуур тамоман ё қисман қатъ мегардад; муқоб. бедорӣ2. он чи дар олами хоб ба хобанда зоҳир мегардад3. маҷ. ғафлат, бехабарӣ; хоби гарон (вазнин, сахт) хоби амиқ, хобе, ки аз он кас зуд бедор намешавад; хобатон хуш! ором ва осуда бихобед! (дар мавриди орзуи хоби нағзи роҳат гуфта мешавад); хобу хаёл чизи ғайримумкин, чизи маҳол; хоб бурдан ба хоб рафтан, хуфтан, хоб кардан; хоби касеро гурезондан (парондан) боиси хоб карда натавонистани касе гардидан; хоб дидан дар хоб ба кас намудани чизе, рӯъё; худро ба хоб задан худро бардурӯғ хобида вонамуд кардан; хоб кардан а) хобидан, хуфтан; б) карахт шудани даст ё по аз беҳаракатӣ; в) аз кор мондани ягон корхона, соат, машина ва ғ. ; ба (дар) хоб мондан бисёр хоб кардан, дар вақташ бедор нашуда мавриди кореро гузарондан; хоб омадан хобидан хостан, хоб пахш кардан; хоб паридан хоб набурдан, ба сабаби монеае хобида натавонистан; аз хоб сер шудан ба қадри кифоя ва осуда хоб карда хестан; аз хоб хестан бедор шудан; хобатро ба об гӯй! ин хаёли хом аст, он чи ту мехоҳӣ шуданӣ нестII[خواب // خاب]моилии пати матоъҳои патдор ё қолин ба як сӯ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.